Гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин
Душанбе, 26 июл (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар нимаи дуюми рӯз гуфтугӯи телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор гардид.Сарони ду кишвари дӯст дар бораи иҷрои тавофуқоте, ки ҳангоми сафари порсолаи расмии сарвари Россия ба Тоҷикистон ба даст омада буданд, табодули афкор намуда, пиромуни вазъ ва дурнамои равобити дуҷониба ибрози назар намуданд.Владимир Путин пешниҳод намуд, ки барои баррасии муфассалтари мавзӯоти зикргардида сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москва 1 августи соли ҷорӣ сурат гирад. Ин даъвати ӯ бо қаноатмандӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






