Гуфтушуниди Бритониё ва Тоҷикистон оид ба рафъи андозбандии дукарата
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар»).- 22 июл ҳайати расмии хадамоти андоз ва гумрукии Бритониё ба Душанбе ташриф меорад. Ин ҳайат гуфтушунид оид ба рафъи андозбандии дукарата байни Бритониё ва Тоҷикистонро анҷом хохад дод. Гуфтушуниди расмиро сафири Бритониё ҷаноби Робин Орд-Смит ва муовини вазири молия ҷаноби Руҳулло Ҳакимов зимни вохӯрии худ ифтитоҳ хоҳанд кард. Сафири Бритониё ҷаноби Робин Орд-Смит зикр кард: “Ман хеле шодам, ки имрӯз Бритониё ва Тоҷикистон ба гуфтушунид оид ба рафъи андозбандии дукарата оғоз мебахшанд. Ин созишнома як қадами муҳим дар равшанӣ андохтан ба миқдори андозбандӣ барои ширкатҳо хоҳад буд. Инчунин ин созишнома барои равнақи тиҷорат ва сармоягузорӣ байни ду кишвар саҳми мусбати худро хоҳад гузошт. Ман умедворам, ки тарафҳо матни созишномаро дар муддати кӯтоҳ қабул менеамоянд. Ин созишнома барои ҳарду ҷониб- Бритониё ва Тоҷикистон манфиатнок аст.”








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






