Хизматрасониҳои иҷтимоӣ рӯ ба беҳбудӣ доранд
Душанбе, 18 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҷониби муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоии вазорат ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи некӯаҳволии эҳтиёҷмандон ба 14601 нафар аз рӯи ҳамаи самтҳо хизматҳои иҷтимоии давлатӣ расонида шуд. Ин нуктаро 18 июл дар нишасти матбуотӣ муовини аввали вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинов зикр намуд. Вай афзуд, ки ҳоло дар миқиёси ҷумҳурӣ 38 адад шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ фаъолият доранд, ки ба 4780 нафар ниёзмандон ва оилаҳои дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта хизматҳои иҷтимоӣ-маишӣ, равонӣ-ҳуқуқӣ, маслиҳатӣ, намояндагӣ ва роҳнамоӣ мерасонанд. Инчунин Э. Сангинов зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар 9 муассисаҳои давлатии хона-интернатҳо 1649 нафар бошандагон, аз ҷумла 972 нафар мардон, 677 нафар занон будубоши доимӣ доранд, ки 607 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






