Хориҷ намудани 116 нафар донишҷӯён аз ДДТТ
Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова ) .-Дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2012-2013 ҳамагӣ 116 нафар донишҷӯй аз донишгоҳ хориҷ карда шуданд ,-гуфт Убайдулло Қурбонов, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ. Сабаби асосии зиёд шудани шумораи хориҷшудагон васеъ гаштани тарзу усули қабули санҷишу имтиҳонҳои сесияи имсола буд,-чунин арзёбӣ намуд ректор. Таҳлили натиҷаҳои аттестатсияи чамъбастии хатмкунандагон нишон дод , ки имсол 99, 4 фоизи хатмкунандагон донишгоҳро бомуваффақият хатм намуданд, ки нисбат ба соли таҳсили 2011 2012 0,4 фоиз кам аст. Ҳамчунин зикр шуд, ки сифати дарс азхудкунии хатмкунандагон 65, 6 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли гузашта 9, 2 фоиз зиёд аст ва аз шумораи хатмкунандагон 4 нафашон хориҷ шудаанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






