Идомаи сохтмони иншооти фарҳангӣ
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати фарҳанг барои сохтмони иншооти фарҳангӣ тадбирҳои амалӣ меандешанд. Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ барои сохтмони иншооти фарҳангӣ 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Маблағи мазкур барои давом додани сохтмони Қасри фарҳанг дар ноҳияҳои Темурмалик, Нуробод ва Варзоб пешбинӣ шудааст. Инчунин омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию нақшавии сохтмони иншооти солҳои оянда — Маркази фарҳанг дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ, Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав ва Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шӯробод ба нақша гирифта шудааст. То ин муддат ҳамагӣ маблағи 776 ҳазор сомонӣ, ки 74% -и нақшаи нимсоларо ташкил медиҳад, азхуд карда шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






