Ифтитоҳи кӯдакистони муосири хусусӣ дар ноҳияи Бохтар
Душанбе, 5 июл (АМИТ «Ховар»).- Дар ҷамоати деҳоти Заргар бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахустин кӯдакистони хусусӣ, ки бо номи Садаф аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саидҷаъфар Ҷобиров бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Кӯдакистон барои 120 нафар кӯдакони синни томактабӣ пешбинӣ шуда, дорои шароити хуби муосир барои будубош, бозию дилхушӣ, истироҳат ва таълиму тарбия мебошад.Маблағи хизматрасонии кӯдакистон барои як кӯдак дар як моҳ 100 сомонӣ аст. Тавре иттилоъ доданд, сатҳи зиндагии мардум дар ин ҷамоат, ки беш аз 55 ҳазор аҳолӣ дорад, нисбатан баланд аст ва аксари онҳо имкони пардохти ҳармоҳаи чунин маблағҳоро доранд. Гузашта аз ин, соҳибкори маҳаллӣ Саидҷаъфар Ҷобиров тасмим гирифтааст, ки давоми зиёда аз 2 моҳи аввали фаъолияти кӯдакистон, яъне дар миёни ду иди муқаддаси миллӣ-Рӯзи Ваҳдат ва Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба кӯдакон ройгон хизмат расонанд.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






