Ифтитоҳи коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Темурмалик
Темурмалик, 4 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Бо ташаббуси Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи имдоди Имом Ҳумайнӣ дар ноҳияи Темурмалик як коргоҳи таълимӣ-дӯзандагӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи ин коргоҳ намояндагони Кумитаи имдоди Имом Ҳумайнӣ, масъулини Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ ва роҳбарияти ноҳия ширкат варзиданд. Гуфта мешавад, дар ин корхона духтарону бонувони маҳаллӣ ба омӯхтани касби дӯзандагӣ ҷалб карда шуда, баъди анҷоми курси омӯзишӣ мустақилона ба кор шуруъ мекунанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






