Ифтитоҳи Марказҳои омӯзишӣ дар Шоҳмансур
Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ду коргоҳи омӯзиши ҳунари дӯзандагӣ ва компютерӣ кушода шуд. Ин марказҳои омӯзишӣ бо ташаббуси Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бо кӯмаку дастгирии дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти ноҳияи Шоҳмансур созмон дода шуда, ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати касбомӯзии ҷавонон ва татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукуматаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар маросими ифтитоҳи марказҳои омӯзишӣ муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Темур Табаров, раиси ноҳияи Шоҳмансур Самандар Бобоев, раиси дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон Саидмаҳдӣ Ибодӣ, муовини раиси Агентии шуғли аҳолӣ Бобохон Баротов ва директори Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» (МД МТКТ) Алишер Фаромузов ширкат намуда, ташкили марказҳои омӯзиширо қадами устуворе дар роҳи соҳибихтисос гардидани ҷавонон, бахусус ҷавондухтарон ва беҳдошти вазъи иҷтимоии онҳо арзёбӣ карданд. Марказҳои омӯзишӣ бо мошинаҳои дарздӯзӣ, компютер ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, дар ҳар як коргоҳ 20- нафарӣ ҷавондухтарон ва писарон тӯли се моҳ ноузукиҳои ҳунари дӯзандагӣ ва асосҳои компютерро аз бар менамоянд. Мавриди зикр аст, ки МД МТКТ ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлат дар ҳамкорӣ бо дафтари намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон аз соли 2011 фаъолияити касбомӯзиро оғоз намуд. Дар ин марказ шаҳрвандони бекасбу ҳунар ва ниёзманд аз рӯи ихтисоси омӯзиши компютер ва дӯзандагӣ ба омӯзиш фаро гирифта, имконият пайдо менамоянд, ки соҳиби касб шуда, вориди бозори меҳнат гарданд. Ба касбомӯзоне, ки баъди хатми омӯзиш мехоҳанд фаъолияти соҳибкориро ба роҳ монанд, бо пешниҳоди лоиҳа аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва дафтари намояндагии Кумитаи имдод имкон доранд, ки қарзҳои имтиёзнок гиранд. Дар МД МТКТ талаботи шаҳрвандон нисбати омӯзиши ихтисоси ороишгари мӯй, қаннод, дӯзанда, кафшергар, барқчӣ, , бофанда, таъмиргари автомобил ва асосҳои омӯзиши компютер бештар будааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






