Ифтитоҳи нахустин мактаби инноватсионии ронандагии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа

Июль 5, 2013 09:32

Душанбе, 5 июл (АМИТ «Ховар»).- Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Кайҳоннавардони шаҳри Қурғонтеппа нахустин пойгоҳи инноватсионии ронандагии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Пойгоҳ, ки бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта ва таҷҳизонида шудааст, аз синфҳои муҷаҳҳази дарсҳои назариявӣ ва амалӣ бо макетҳои электронии мошин, майдони махсуси мошинронӣ ва ҳамчунин мошинҳои боркашу сабукрав, автобусҳо ва мотосиклҳои нави таълимӣ иборат аст. Тавре таъкид гардид, ин мактабу пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нахустин аст.Мавриди зикри хос аст, ки тамоми синфхонаҳо ва майдонҳои таълимию имтиҳонӣ ба шабакаи ягонаи электронӣ пайваст буда, ҷараёни ҳамаи корҳо тавассути камераҳои мушоҳидавӣ ва компютеру мониторҳо мудом назорат карда мешавад. Иштироки донишҷӯён дар дарсҳо ва тамоми машғулиятҳо ва имтиҳону санҷишҳо таҳти назорати камераҳои мушоҳидавӣ сурат мегирад ва на муаллим ва на каси дигар ба он дахолат карда наметавонанд. Яъне тамоми имконоти дахолати инсон ва амалҳои коррупсионӣ аз миён бардошта мешавад.Дар ин марказ ҳоло курсҳои семоҳаи ронандагӣ ташкил шуда, ронандаҳои се намуди мошин – сабукрав, боркаш ва автобус омода карда мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки барои хуб омода кардани ронандаҳо муҳлати курсҳо ба 6 моҳ расонда шавад. Дар як курс 60 донишҷӯй бо омӯзиш фаро гирифта мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин маслиҳат дод, ки дар ҳудуди пойгоҳ боз як бинои таълимӣ бунёд карда, таълимро дар 2 баст ба роҳ монанд, то ки хоҳишмандони бештарро қабул карда тавонанд. Ҳоло дар ин пойгоҳ 50 нафар мутахассисони баландпоя бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.Аз ҷониби ҳамин гурӯҳи соҳибкорон дуюмин чунин пойгоҳ, вале аз ин калонтар ба наздикӣ дар пойтахти кишвар ба кор дароварда мешавад. Онҳо нақша доранд, ки бо харҷи 100 миллион сомонӣ боз 7 то чунин пойгоҳҳо ва 30 мактаби инноватсионии ронандагӣ бо 600 ҷойи корӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар то охири соли равон омода созанд. Нисфи ҳамин пойгоҳу мактабҳо, аллакай то моҳи сентябри соли равон ба кор дароварда мешавад.Ин пойгоҳ хусусӣ буда, дарсҳо ва ҳам санҷишу имтиҳоноти вобаста ба азхуднамоии донишу малакаи ронандагӣ, албатта ба таври тиҷоратӣ, вале дар якҷоягӣ бо мутахассисони бозрасии давлатии автомобилӣ ба роҳ монда мешавад.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, аз ҷумла дастур дод, ки ронандаҳо бо сифати баланд омода карда шаванд, ки оянда дар ҷумҳурӣ шумораи садамаҳои нақлиётӣ коҳиш дода шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки омодасозии ронандаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ низ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шавад.Дар ҳаминҷо ба як гурӯҳ модарон аз оилаҳои ниёзманд ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ” аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим гардид.
 
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, аз ҷумла дастур дод, ки ронандаҳо бо сифати баланд омода карда шаванд, ки оянда дар ҷумҳурӣ шумораи садамаҳои нақлиётӣ коҳиш дода шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки омодасозии ронандаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ низ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 

Июль 5, 2013 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд