Ифтитоҳи толори варзишӣ дар маркази ноҳияи Шаҳринав
Душанбе, 20 июл (АМИТ «Ховар).- Дар маркази ноҳияи Шаҳринав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як толори наву муосири варзиширо ифтитоҳ намуд.Чунонки зикр гардид, ин толори масоҳати умумиаш 1200 метри мукааб бо харҷи қариб 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети маҳаллӣ бунёд ёфта, барои 22 намуди варзиш пешбинӣ шудааст.Толор ҳамчунин дорои 300 ҷойи нишаст барои тамошобинон аст. Тавре иттилоъ доданд, ин панҷумин чунин толори зебою муҷаҳҳази варзишӣ дар ноҳияи Шаҳринав аст. 4 толори дигар дар ин ноҳия пас аз мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ бунёд ёфтааст.Натиҷаи муҳайёшавии шароити мусоид аст, ки сол ба сол дастовардҳои варзишгарони ноҳия дар ҷумҳурӣ ва берун аз он бештару беҳтар мегарданд. Онҳо дар соли 2012 54 медал, аз ҷумла 9 то мусобиқаҳои байналмилалӣ ба даст овардаанд. Дар 6 моҳи соли равон бошад, ба 45 медал сазовор дониста шудаанд. Дастовардҳои варзишгарони ин ноҳия бештар дар риштаи таэквондо ИТФ назаррас будааст. Ҳоло ду нафар таэквандогарони ин ноҳия барои иштирок дар чемпионати ҷаҳон дар Булғористон қарор доранд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






