Интихоби довталабон барои квотаи президентӣ
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Фарҳод Мадаминов).-Ҳукумати ноҳияи Темурмалик ва идораи маориф нисбат ба квотаи президентӣ тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Ин ба он вобастагӣ дорад, ки ҳар сол шумораи довталабон зиёд мегардад, аммо аксари онҳо тасодуфӣ мебошанд. Дар даври ниҳоӣ донишҳои онҳо ба шартҳои квота ҷавобгӯ набуда, аз ин лиҳоз аъзои комиссияро қаноатбахш намегардонад ва барои хоста гирифтани довталабони дигар зарурат пайдо мешавад. Тайи чанд соли охир эрод гирифта мешавад, ки хатмкунандагони мактабҳои ноҳия тибқи низомнома соли хонишро бо медали тилло хатм карда наметавонанд. Соли ҷорӣ низ хатмкунандагони ноҳия мактаби миёнаро бе медали тилло хатм намуданд. Аз ин рӯ идораи маорифи ноҳияро зарураст, ки нисбат ба ин камбудиҳо тадбирҳои дақиқ андешад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






