«Истаравшан» тими «АV Football Academy»-и Нигерияро шикаст дод
Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар»).- Дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар бозии дӯстона тими «АV Football Academy»-и Нигерияро, ки дар доираи сафарҳои ҷаҳонии худ ба Тоҷикистон омада буд, шикаст дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ФФТ иттилоъ дода гуфтанд, ки ин бозӣ рӯзи шанбе, 6-уми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор гардида, бо ҳисоби 3:2 ба нафъи соҳибони майдон анҷом ёфтааст.Гуфта мешавад, дастаи «AV Football Academy»-и Нигерия рӯзи 29-уми июн дар нахустин бозии дӯстонаи худ аз тими «Энергетик»-и Душанбе низ шикаст хӯрда буд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






