Истироҳати хотирмон
Турсунзода. 5 июл (АМИТ «Ховар» Ҳотам Рабиев). Даври дуюми истироҳати беш аз 400 нафар фарзандони коргарони Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» ва наврасон аз хонаи кӯдакони шаҳр дар осоишгоҳи Ширкент оғоз ёфт. Дар ин ҷо барои кӯдакон тамоми шароитҳо муҳайё буда, онҳо бо чор вақт хӯроки гарм, киною консерт, бозиҳои шавқовар таъминанд. Мураббиён аз ҳисоби омӯзгорони варзидаи шӯъбаи маориф ба онҳо сарварӣ менамоянд. Тибқи нақша имсол дар ин мавзеи хушбодуҳаво беш аз 1600 нафар кӯдакону наврасон истироҳат хоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






