Кӯмаки «Тоҷиксуғурта» ба беш аз 7 ҳазор ашхос
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксугурта» 603 ҳазору 700 адад шартномаҳои суғуртавӣ баста шуд, ки аз ин 162 ҳазору 800-тоаш шартномаҳо аз рӯи суғуртаҳои ҳатмӣ ва 440 ҳазору 900-тоаш шартномаҳо аз рӯи суғуртаи ихтиёрӣ мебошанд. Дар ин бора Абдулло Абдуллоев, муовини аввали директори генералии КВД «Тоҷиксугурта» имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Вай афзуд, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Точиксугурта» дар нимаи аввали соли равон ба 7 ҳазору 316 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба молу амвол ва саломатиашон осеб расидааст ба маблағи 6 миллиону 107 ҳазору 500 сомонӣ кӯмак расонид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






