Касбинтихобкунӣ дар мактабҳои миёна беҳбудӣ мехоҳад
Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Аз 22 то 23 июли соли 2013 дар Маркази такмили ихтисоси омӯзгорони шаҳри Душанбе оид ба «Касбинтихобкунӣ дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ: мушкилот ва ояндабинӣ» мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро дар чорчӯбаи фаъолияти бахши 2 Барномаи минтақавӣ «Ислоҳоти соҳаи маориф дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмиллалии Олмон доир намуд. Мақсади асосии мизи мудаввар аз муҳокимаи ҳисоботи таҳлилӣ оид ба «Ҳолати корҳои касбинтихобкунӣ дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», дарёфти мушкилоте, ки бо ташкил ва гузаронидани корҳои касбинтихобкунӣ алоқаманданд ва коркарди стратегияи фаъолиятҳо дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба касбинтихобкунӣ иборат буд.Дар мизи мудаввар масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд: муаррифии ҳисоботи таҳлилӣ оид ба «Ҳолати корҳои касбинтихобкунӣ дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»; ҳолати касбинтихобкунӣ дар соҳаи маориф; асосҳои меъёрию ҳуқуқии ташкили корҳои касбинтихобкунӣ; коркарди маводи таълимӣ ва методӣ оид ба корҳои касбинтихобкунӣ; мундариҷаи курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон оид ба корҳои касбинтихобкунӣ дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ.Иштирокчиёни мизи мудаввар ба мушкилоте, ки хонандагони мактабҳои миёнаи умумӣ ҳангоми интихоби касб пайдо мекунанд ва ба тайёрии онҳо дар зинаҳои синфҳои ибтидоӣ ва миёна оид ба интихоби касб диққати ҷиддӣ доданд. Иштирокчиёни мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ боварии комил доранд, ки амалӣ намудани чорабиниҳои мазкур дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбутаи Вазорати маориф метавонад интихоби дурусти касб ва ҷалб ба касбро аз ҷониби хонандагон сифатан ва мантиқан дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ беҳтар намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






