Китоби М. Суруш дар бораи нахустин журналистзани тоҷик

Июль 16, 2013 16:04

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Китоби нави нависанда ва публисисти маъруфи тоҷик Мансур Суруш бо номи «Қиссаи бонуи соҳибқалам» дар нашриёти «Адиб» бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва узбекӣ ба нашр расид. Дар ин китоб зиндагиву фаъолияти нахустин бонуи рӯзноманигори тоҷик – Кибриё Қаҳҳорова муфассалу фарогир оварда шуда, муаллиф кӯшидааст ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти ӯ таваҷҷуҳ намояд. Мансур Суруш дар китоби «Қиссаи бонуи соҳибқалам» овардааст, ки Кибриё Қаҳҳорова 4-уми апрели соли 1914 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи шахси фозил Лутфулло Махсум таваллуд шуда, аз соли 1932-ум то соли 1938-ум дар шуъбаи самарқандии Нашриёти давлатии Тоҷикистон зери назари нависанда ва донишманди бузург Садриддин Айнӣ кор кардааст. Баъдан бо маслиҳати устод Айнӣ соли 1938-ум ба факултети шарқшиносии донишгоҳи Ленинград дохил мешавад ва то соли 1941-ум дар ин боргоҳ таҳсил мекунад. Кибриё Қаҳҳорова пас аз таҳсил зиндагиро дар Душанбе ихтиёр карда, фаъолияташро дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон оғоз менамояд ва муддате чун ёвари котиби Кумитаи Марказии Комсомол оид ба тарғибу ташвиқ кор карда, баъдан дар рӯзномаи «Фрунзечӣ» дар шаҳри Тошкент ба фаъолият мепардозад. Китоби «Қиссаи бонуи соҳибқалам»-и нависанда Мансур Суруш дар бораи ҳаёту фаъолияти нахустин рӯзнманигорзани тоҷик—Кибриё Қаҳҳорова барои муҳаққиқони соҳаи журналистикаи тоҷик ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Июль 16, 2013 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад