Лагери Комиссияи миллӣ ба ятимону бепарасторон
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар»). — Дар радифи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии кӯдакони ятим, бепарастор ва оилаҳои камбизоат аз ҷониби шуъбаи Комиссияи миллии ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷӣ, дар доираи «Барномаҳои иштирок»-и ЮНЕСКО лагери тобистона ташкил шуд. Дируз ифтитоҳи он дар истироҳатгоҳи «Афсонаи куҳӣ», воқеъ дар дарраи зебоманзари Ромит сурат гирифт. Дар инҷо барои 50 нафар фарзандони ятим ва бепарастор аз мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе, Кӯлоб, ноҳияҳои Рашту Навобод ва Шаҳринав шароит фароҳам оварда шудааст. Дар маросими кушодашавии лагер намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, маориф, фарҳанг ва шоирону нависандагон аз барномаи рангини консертӣ, ки бачаҳо аллакай дар рӯзи дуюм барои ҳозирин омода намуда буданд, тамошо карданд.Барои истироҳати бофароғати бачаҳо дар истироҳатгоҳ тамоми шароитҳо муҳайё гашта, ҷиҳати рангин ва хуб гузаронидани таътил мураббияҳои касбӣ бо барномаҳои шавқовари варзишӣ, рассомӣ ва сурудхонӣ ҷалб шудаанд. Бояд қайд кард, ки хонандагон дар баробари истироҳат дар ин ҷо дӯстони зиёд пайдо менамоянд, зимни вохӯриҳо бо олимон, шоирон ва шахсони маъруфи кишвар шинос шуда, дониши худро оид ба арзишҳои миллии кишвар, ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва таҳкими сулҳ сайқал медиҳанд. Котиби масъули Комиссияи миллии ЮНЕСКО Шаҳло Абдураҳимова гуфт, ки шуъбаи Комиссияи миллии ЮНЕСКО минбаъд низ кӯшиш менамояд ҷиҳати дастгирии ятимон дар самти маориф, аз ҷумла рушди малака ва дониши хонандагон саҳмгузор бошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






