М. Асрорӣ аз нақши Э. Раҳмон дар рушди фарҳанг
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар»).- Дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, кормандони вазорат, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Роҳбари ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» Мирзошоҳрух Асрорӣ доир ба амалишавии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушду инкишофи фарҳангу маданияти кишвар, саҳми пайвастаи аъзоёни ҳизб дар чорабиниҳои фарҳангӣ ибрози андеша намуда, ба шаш нафар аъзои нав билетҳои ҳизбӣ супорид. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Шамшеров К.Ч. бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки фарҳангиён муаррифгари миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошанд ва баҳри саҳмгузорӣ дар ҳаёти фарҳангии кишвар, татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ чор нафар фаъолони ҳизб Абдуҷабборов Абдуғаффор, Назиршо Нуралиев, Ибодулло Исмонов ва Манзура Мирзоеваро бо Ифтихорномаи КИ ҲХДТ сарфароз гардонид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






