Маҷлиси машваратӣ дар ҳузури Р. Қурбонова
Душанбе, 19 июл. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар ҳузури муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова бо иштироки муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шахсони масъул маҷлиси машваратӣ доир гардид. Дар ин маҷлис рафти иҷрои фармону амрҳои Президенти мамлакат, қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба ҷашни 22-мин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Муовини Сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова ба масъалаҳои таҳсили намояндагони шаҳру ноҳияҳои дурдасти куҳистон тариқи квотаҳои президентӣ дар макотиби олии кишвар дахл намуда, таъкид кард, ки дар 16 соли татбиқи ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4051 нафар донишгоҳу донишкадаҳоро хатм намуда, 3101 нафар ба маҳалли зисти хеш баргаштаанд, вале 950 нафари онҳо бо сабабҳои гуногун дар дигар шаҳру ноҳияҳо кору зиндагӣ доранд. Дар машварат ҳамзамон гузориши мудири Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Одинашо Муродов шунида шуд. Зикр гардид, ки ҳанӯз ҳам дар мавриди татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қонуншиканиҳо ҷой доранд. Масъулин ҷиҳати тақвияти назорати иҷрои ин қонун дар маҳалҳо вазифадор гардиданд.Дар хатми маҷлиси машваратӣ Руқия Қурбонова диққати ҳозиринро ба масъалаи омодагии сатҳи баланди ҷашни солгарди навбатии истиқлолияти давлатӣ, расонидани кӯмак ба оилаҳои ниёзманд, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор таъмини пахши барномаҳои телевизиону радио дар минтақаҳои куҳистон, дастрасии аҳолӣ ба рӯзномаҳо, ташкили ҷойҳои корӣ, мусоидати духтарону ҷавонони лаёқатманд ба таҳсили олӣ, истифодаи мақсадноки грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои занону духтарон ва ҷавонон ҷалб намуда, таъкид кард, ки ташаббускорию кордониро баҳри татбиқи амалии дастуру супоришҳои Сарвари давлат раҳнамои фаъолияти худ қарор диҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






