Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Япония
Душанбе, июл (АМИТ «Ховар»).- 5 июли соли 2013 машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Япония дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор гардид. Машваратҳоро аз ҷониби Тоҷикистон Муовини Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ва аз ҷониби Япония Сафир- Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Япония оид ба Осиёи Марказӣ Такеши Ҳикиҳара ҳамраисӣ намуданд. Зимни машваратҳо, ки дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардид, ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои густариш ва дурнамои ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар соҳаҳои мухталифи дуҷониба ва бисёрҷониба, алалхусус дар доираи Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо инчунин доир ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъияти Афғонистон табодули назар намуданд. Дар фарҷоми машваратҳои сиёсӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҳайъати япониро ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот ба натиҷаҳои машваратҳои сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Япония баҳои баланд дода шуд. Ҳамзамон муҳимияти ба роҳ мондани механизми машваратҳо бо мақсади таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба таъкид гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






