Машварати корӣ дар ҳузури Сарвари давлат

Июль 18, 2013 12:24

Душанбе, 18 июл (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва раисони ноҳияҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он машварати корӣ доир намуд.Дар машварат масоили вобаста ба вазъи молиявию иқтисодии муассисаҳо ва ширкатҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ, корҳои ободонию созандагӣ ва рафти кишти такрорӣ баррасӣ шуд.Доир ба мавзӯи якум ахбори Вазири нақлиёти кишвар ва роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоию фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе шунида шуд. Тавре зикр гардид, танҳо 47% мусофиркашонии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон тавассути ширкатҳои ватанӣ амалӣ мегардад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳолати начандони хуби молиявию иқтисодии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии Тоҷикэйр таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба масъулин дастур дод, ки доир ба бартараф намудани камбудию монеаҳои мавҷуда чораҳои муассир амалӣ намоянд. Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба беҳтар намудани хизматрасонӣ, ҷалби бештари муштариён ба ширкатҳои ватанӣ ва вусъат додани сохтмони терминали нави фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ва беҳсозии ҳолати фурӯдгоҳҳои дигар шаҳрҳо дода шуд.Дар робита ба мавзӯи дуюми машварат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Ба раисони шаҳру ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки доир ба ободу зебо кардани ин минтақа, хусусан кабудизор намудани ду паҳлӯи роҳҳои мошингарди байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва байниноҳиявӣ аз тамоми имконоти мавҷуда пурсамар истифода баранд.Зимни ахбори Вазири кишоварзӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки то имрӯз аз ҷониби хоҷагиҳои ҷамъиятии кишвар дар майдони 56 ҳазору 500 гектар кишти такрорӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин баробар ба 70% дурнамо мебошад. Ин кор дар вилояти Суғд дар ҳаҷми 34%, дар вилояти Хатлон 84% ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ҳадди 83% иҷро шудааст. Тавре иттилоъ дода шуд, қариб ҳамаи шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт нақшаи кишти такрориро барзиёд иҷро намудаанд ва ин кор боз идома дорад.Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дар майдони 211 га бояд кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳар як ваҷаб замини обӣ бояд пурсамар истифода шуда, ду ва зиёда ҳосил рӯёнда шавад. Дастуру супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори истеъмолӣ, таъмини мардум бо маҳсулоти хушсифат дар моҳи шарифи рамазон ва таҳкими амнияти озуқавории кишвар дода шуд.

Июль 18, 2013 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд