Мехоҳед ёвари Убайдуллоев бошед?

Июль 29, 2013 14:35

Душанбе, 29 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд.  Довталабон имкон доранд ҳуҷҷатҳои худро ҷиҳати ишғоли мансабҳои ёрдамчии раиси шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, мудири шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия, мудири шуъбаи ташкилӣ, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ, сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, сармутахассиси шуъбаи коммуналию муҳандисӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо, мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, мутахассиси пешбари шуъбаи саноат ва энергетика, мутахассиси пешбари шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия, мутахассиси пешбари шуъбаи маъмурию ҳуқуқӣ, мутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинӣ, мутахассиси шуъбаи сохтмон ва ободонӣ, мутахассиси шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд. Ҳамзамон шаҳрдорӣ барои ишғоли вазифаҳои сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мудири шуъба оид ба корҳои дин, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила, мудири шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо, сармутахассиси шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва мутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо ниёз дорад. Озмун аз имрӯз -29 июл шуруъ гардида, то 30 август идома меёбад. Ба довталабоне, ки то соли 1992 донишгоҳ ва донишкадаҳои Тоҷикистонро хатм намудаанд ва ё дар хориҷи кишвар дорои маълумоти олӣ гардида, таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рўи ихтисос доранд, афзалият дода мешавад. Довталабон бояд маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошанд. Музди меҳнат дар вазифаҳои холии пешниҳодгардида, аз ҷумла мутахассиси оддӣ 406 сомонӣ, ёвари раиси шаҳр 520 сомонӣ, сармутахассис 620 сомонӣ буда, инчунин маоши довталабоне, ки собиқаи хизмати давлатии беш аз 5- сола доранд, баланд карда мешавад.

Июль 29, 2013 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад