Мехоҳед ёвари Убайдуллоев бошед?
Душанбе, 29 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд. Довталабон имкон доранд ҳуҷҷатҳои худро ҷиҳати ишғоли мансабҳои ёрдамчии раиси шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, мудири шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия, мудири шуъбаи ташкилӣ, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ, сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, сармутахассиси шуъбаи коммуналию муҳандисӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо, мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, мутахассиси пешбари шуъбаи саноат ва энергетика, мутахассиси пешбари шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия, мутахассиси пешбари шуъбаи маъмурию ҳуқуқӣ, мутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинӣ, мутахассиси шуъбаи сохтмон ва ободонӣ, мутахассиси шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд. Ҳамзамон шаҳрдорӣ барои ишғоли вазифаҳои сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мудири шуъба оид ба корҳои дин, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила, мудири шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо, сармутахассиси шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва мутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо ниёз дорад. Озмун аз имрӯз -29 июл шуруъ гардида, то 30 август идома меёбад. Ба довталабоне, ки то соли 1992 донишгоҳ ва донишкадаҳои Тоҷикистонро хатм намудаанд ва ё дар хориҷи кишвар дорои маълумоти олӣ гардида, таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рўи ихтисос доранд, афзалият дода мешавад. Довталабон бояд маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона дошта бошанд. Музди меҳнат дар вазифаҳои холии пешниҳодгардида, аз ҷумла мутахассиси оддӣ 406 сомонӣ, ёвари раиси шаҳр 520 сомонӣ, сармутахассис 620 сомонӣ буда, инчунин маоши довталабоне, ки собиқаи хизмати давлатии беш аз 5- сола доранд, баланд карда мешавад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






