Мелиораторон аз «Барқи Тоҷик» қарздоранд

Июль 23, 2013 17:06

Душанбе, 23 июл.(АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).-Имрӯз дар ҷараёни нишасти хабарӣ Султон Раҳимов, муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ гуфт: «Қарзи умумии корхонаҳои зертобеи вазорат аз истифодаи нерӯи барқ дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» то ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 10, 4 млн. сомонӣ ва бо назардошти солҳои гузашта 217,4 млн. сомониро ташкил медиҳад. Хамчунин гуфта шуд, ки мувофиқи рӯйхати иншооти сохтмони асосӣ дар соли 2013 аз ҳисоби маблагҳои мутамарказонидашуда ба вазорат барои иншооти сохтмони асосӣ 20.0 млн сомонӣ , аз ҷумла барои корҳои сохтмонию васлкунӣ 17, 7 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, иқтидорҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд: аз худнамудани заминҳои нав, — 515 га, беҳтар намудани таъминоти об дар заминҳо – 1790 га, сохтмони чоҳӣ амудӣ — 2 адад, иҷрои корҳои соҳилмустаҳкмкунӣ — 5,1 км, қубури обгузар – 3, 95 км.

Июль 23, 2013 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад