Меъёри бозтамвил ба андозаи 0,4 банди фоизӣ паст карда шуд
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар»).- Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ меъёри бозтамвилро ба андозаи 0,4 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 6,1 фоизи солона муқаррар намуд. Тағйироти мазкур бо назардошти кам гардидани фишорҳои таваррумӣ ва таъсири омилҳои берунӣ ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва бо ин роҳ паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ ворид карда шудааст. Қобили қайд аст, ки маротибаи охир меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон 15 августи соли гузашта ба андозаи 0,3 банди фоизӣ паст карда шуда буд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти БМТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






