Мудирони дорухонаҳои Кӯлоб ҷарима шудаанд
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ дар асоси аризаи мудирони муассисаҳои фарматсевтии минтақаи Кӯлоб 106 номгӯ маводи доруворӣ ва молҳои табиии муҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот берун карда шудаанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъули Хадамоти назорати фаъолияти фармасевтии минтақаи Кӯлоб Нуриддин Валиев иттилоъ дода афзуд, ки айни ҳол дар минтақа 204 адад нуқтаи фурӯши доруворӣ фаъолият намуда, то ин давра 34 адади он аз санҷиш гузаронида шуда, 23 номгӯ маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот боз дошта шудаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар рафти гузаронидани ин санҷишҳо ба 8 нафар аз мудирони дорухонаҳо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 5 ҳазору 800 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






