Мулоқоти Э.Раҳмон бо Чжао Ҷи
Душанбе, 5 июл (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар шаҳри Қурғонтеппа Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати расмии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Ҷиро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳким ва густариши минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи амалии санадҳои сершуморе, ки миёни ду кишвар дар сатҳу зинаҳои гуногун ба имзо расидаанд, зоҳир гардид.Изҳори боварӣ карда шуд, ки ба сатҳи шарикии стратегӣ расидани муносиботи Тоҷикистону Чин оғозбахши марҳилаи сифатан нави робитаҳои гуногунпаҳлӯи ду ҳамсояи дӯсту бародар мегардад.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






