Мулоқоти Консули тоҷик бо Волии шаҳри Бурса
Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул Илхом Абдураҳмонов бо Волии вилояти Бурсаи Ҷумҳурии Туркия Шаҳабеттин Ҳарпут мулоқот кард. Бар пояи иттилои Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар оғози мулоқот Волии вилояти Бурса аз таърих ва дастовардҳои имрӯзаи вилоят дар соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, афзуд, ки имрӯзҳо Бурса яке аз вилоятҳои пешрафтаи Туркия дар бахшҳои саноати автомобилсозӣ, мошинсозӣ, саноати сабук ва кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин Шаҳабеттин Ҳарпут соҳибкорони тоҷикро барои шиносоӣ ва табодули таҷриба ба Бурса даъват карда, таъкид намуд, ки сафари эшон ҷиҳати ташвиқи сармоягузорону соҳибкорони муваффақи ин вилоят ба вусъат бахшидани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва иштирок дар лоиҳаҳои мухталифи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мусоидати лозима хоҳад расонд. Гуфта мешавад, вилояти Бурса дар шимолу ғарбии Туркия ҷойгир буда, ин вилоят аз нигоҳи нишондиҳандаҳои содироти мол ба хориҷи кишвар пас аз Истамбул дар ҷойи дуюм қарор дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






