Мулоқоти машваратӣ дар Вазорати фарҳанг
Душанбе, 26 июл . (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти машваратӣ доир ба ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати таъсиси мубодилаи байнидавлатии иттилоот ва ташкили махзани маълумоти миллии ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» бо ширкати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Мақсад аз ташкили махзани маълумот фароҳам овардани шароит барои мубодилаи байнидавлатии иттилоот дар бораи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, истифодаи муштараки захираҳои иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозии кўшишҳои тарафҳо барои амалигардонии чорабиниҳои самарабахш оид ба ҳимоя ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ, рушди минбаъдаи ҳамкории банидавлатӣ ва густариши ёрии ҳуқуқии мутақобила баҳри таҳкими робитаҳои иқтисодӣ дар чаҳорчўбаи ИДМ мебошад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Раҳматулло Раҳматуллоев, сухангӯи Вазорати фарҳанг иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






