Нақшаи чорабиниҳои 3000-солагии Ҳисор омода мешавад

Июль 19, 2013 14:56

Душанбе, 19 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва гузаронидани ҷашни 3000-солагии Ҳисор баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои кумитаи тадорукот рафти омодагиҳо ба таҷлили ин санаи муҳими таърихиро мавриди баррасӣ қарор доданд.Тавре таъкид гардид дар айни замон нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор таҳия гардида, барои хулосабарорӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Мувофиқи нақшаи чорабинииҳо дар ноҳияи Ҳисор ба истиқболи ин санаи таърихӣ сохтмон ва азнавсозии як зумра иншооти муҳим, аз ҷумла бунёди варзишгоҳ барои бист ҳазор ҷойи нишаст, китобхона, осорхона, чойхонаи миллӣ ва як зумра дигар иншооти муҳими соҳаи маорифу тандурустӣ ва фарҳанг ба нақша гирифта шудааст.Сарвазири мамлакат аъзои кумитаи тадорукоти ҷашнро вазифадор кард, ки дар муҳлати кўтоҳ, бо дарназардошти таклифу хулосаҳои асоснок нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисорро аз нав дида баромада, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шавад.

Июль 19, 2013 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд