«Набзи замон»-и МТС-ро «R-Graph» нашр кард
Душанбе, 15 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нахустин шумораи маҷаллаи таҳлилию амалии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Набзи замон» интишор ёфт. Маҳдӣ Собиров, котиби матбуотии Маркази тадқиқоти стратегӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «Набзи замон» дар матбааи «R-Graph»-и Душанбе бо теъдоди 500 нусха чоп шудааст. Гуфта мешавад, Маркази тадқиқоти стратегӣ тасмим гирифтааст, ки тавассути фаслномаи «Набзи замон» муҳимтарин масъалаҳои ҷомеаи муосир ва сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён гузошта, бо равиши таҳқиқию таҳлилӣ роҳҳои ҳалли муносиби онҳоро пешниҳод намояд. Маҷалла барои истифодаи кормандони ташкилоту идораҳо ва хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ шудааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






