Назорати прекурсорҳо дар ҶТ

Июль 29, 2013 10:39

Душанбе, 29 июл.(АМИТ “Ховар”, Ибодат Давлатова).- Дар Дафтари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Назорати прекурсорҳо барои кормандони полис ва сарҳадчиёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон» тренинги омӯзишӣ ташкил шуд.Тавре ки аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар тренинги мазкур аз тарафи кормандони шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии агентӣ ба иштирокчиён дар мавзӯи: «Конвенсияҳои СММ оиди назорати прекурсорҳо», «Назорати прекурсорҳо дар ҶТ», «Намудҳои прекурсорҳо», «Намудҳои ичозатнома ва шаҳодатнома барои воридоти прекурсорҳо дар ҶТ», «Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо дар ҶТ», «Самти истифодаи прекурсорҳо дар ҶТ» дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд. Инчунин дар дарсҳо асбобҳои техникии аёнӣ истифода шуданд, ки тавассути онҳо ба иштирокчиён намудҳои прекурсорҳо, усулҳои қочок, тарзи нигоҳдорӣ, намунаи иҷозатнома ва шаҳодатномаи воридотӣ нишон дода шуданд.Баргузории чунин дарсҳои омӯзишӣ барои кормандони полиси ҶИА метавонад дар самти пешгирии қочоқи прекурсорҳо ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нақши назаррас дошта бошад, зикр намуд манбаъ.

Июль 29, 2013 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад