Оғози сохтмони корхонаи коркарди меваю сабзавот ва ифтитоҳи филиали нави Тоҷиксодиротбонк дар ноҳияи Ҷ. Румӣ
Душанбе, 7 июл (АМИТ «Ховар»).-Дар деҳаи Чапаеви ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ҳамчунин сохтмони як корхонаи бузурги коркарди меваю сабзавот оғоз ёфт ва филиали Тоҷиксодиротбонк ифтитоҳ ёфт.Дар ин филиали Тоҷиксодиротбонк, ки дар ошёнаи якуми бинояш, ҳамчунин мағоза мавҷуд аст, 20 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.Зимни гузоштани санги асоси сохтмони корхонаи коркарди меваю сабзавот, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он дар майдони 5 га замин бо иқтидори коркарди 10 тонна меваю сабзавот дар як шабонарӯз то моҳи сентябри соли 2014 бояд сохта, ба кор дароварда шавад.Корхона бо харҷи беш аз 4 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, дар он 205 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






