Ободии Варзоб таваҷҷуҳбарангез аст
Варзоб, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Вобаста ба иқлим ва шароити табиии ноҳияи Варзоб рушди соҳаи боғу токпарварӣ аз самтҳои афзалиятнок аст. Имсол дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 47 гектар боғу токзори нав ташкил ёфт ва хушбахтона, сафи бунёдкунандагони боғу токзор сол то сол меафзояд.Боиси хушнудист, ки дараи Варзоб пайваста ободу зебо гашта, таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб менамояд. Дар 280 минтақаи истироҳатӣ, ки дар ҳудуди ноҳия мавҷуд аст, ҳар рӯз ҳазорон нафар аз обу ҳавои ин ҷо баҳравар мешаванд. Воқеан ҳам роҳи хуби замонавӣ ва ҳам табиати афсонавӣ хеле диққатҷалбкунанда аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






