Оркестри наврасони Осиёи Марказӣ дар Душанбе
Душанбе, 26 июл.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Оркестри наврасони Осиёи Марказӣ консертҳои хешро дар Душанбе пас аз иштирок дар сафари ҳунарӣ дар шаҳрҳои асосии Қазоқистон ва Қирғизистон аз 27 то 28 июл намоиш хоҳад дод. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, оркестри мазкур аз 54 навозандаи макотиби беҳтарини мусиқии Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иборат аст. Мақсади лоиҳа — мубодилаи таҷриба дар соҳаҳои мусиқӣ ва ҳамгироии фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ ва имконияти пайдо намудани ҷойҳои корӣ, махсусан барои гуруҳҳои озордида ва дорои имконияти маҳдуд мебошад. Сарвари оркестр маэстро Ҷерардо Колелла, дирижер ва бастакори итолиёвӣ бо таҷрибаи чандинсола дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Ин лоиҳа бо мақсади пешбарии мусиқии классикӣ ва миллӣ дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон тавассути мустаҳкамсозии маданияти мусиқӣ ба воситаи ҳамкории минтақавӣ, ҳамгироӣ ва шабакаҳои байналхалқӣ роҳандозӣ мешавад. Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Мактаби мусиқии кўдаконаи ба номи М. Аминзода дар Тоҷикистон, Мактаби пеш аз мусиқии касбии М. Абдраев дар Қирғизистон ва Коллеҷи мусиқӣ барои кўдакони боистеъдод дар Павлодари Қазоқистон ва вазоратҳои фарҳанги се давлат амалӣ гардидааст.Оркестр баъди консерт дар Тоҷикистон дар сафари ҳунарии 12 рўза дар мамлакатҳои Италия ва Белгия иштирок хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






