Ошкор намудани изофанависӣ дар корҳои сохтмонӣ
Душанбе, 18 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар фаъолияти ташкилотҳои сохтмонии кишвар изофанависӣ вуҷуд дорад, мегӯяд раиси Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдувалӣ Комилов. Танҳо дар зарфи 6 моҳи соли равон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбутаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ва Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ 2 миллион сомонӣ маблағҳои изофанависӣ муайян гардида, ба буҷаи кишвар ворид карда шудааст. Дар мавриди сифати корҳои сохтмонӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои сохтмонии маҳаллӣ ва хориҷӣ амалӣ карда мешавад, масъули Агентии сохтмон ва меъморӣ зикр кард, ки дар ҳайати Агентӣ Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъморӣ фаъолият мекунад, ки рисолати асосии он аз назорати иҷрои корҳои сохтмонӣ, мутобиқ ба меъёрҳо будани корҳои иҷрошаванда ва истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмонӣ аст. Хадамот талаботро ба сифтаи корҳо дар соли равон пурзӯр намудаааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






