Озмуни аккосони ҷавон дар Суғд

Июль 30, 2013 13:45

Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таҳти унвони «Нигоҳи ҷавонон» озмуни аккосӣ баргузор мешавад. Гуфта мешавад ин озмун аз 27-уми июл то 3-юми августи соли ҷорӣ идома ёфта, мақсад аз гузаронидани он рушди маҳорати аксбардории ҷавонон ва инъикоси манзараҳои зебои диёр арзёбӣ мешавад. Бар пояи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилоят иштирок дар чорабинӣ озод буда, то ба имрӯз ба озмун 160 сурат аз ҷониби суратгирони касбиву ҳаваскор пешнҳод гардидааст. Дар анҷоми озмуни «Нигоҳи ҷавонон», ки рӯзи 3-юми август баргузор мегардад , ба аксбардорони беҳтарини чорабинӣ ҷоизаҳои хотиравӣ тақдим шуда, ҳамзамон суратҳои беҳтарин дар шабакаи иҷтимоии Facebook гузошта мешаванд.

Июль 30, 2013 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд