Озмуни расмкашӣ дар лагерҳои тобистона
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо дастгирии намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар лагерҳои тобистонаи ҷумҳурӣ як қатор озмуни расмкашӣ дар қоғаз ва рӯи асфалт таҳти унвони «Об барои ҳаёт» доир мекунад. Озмуни мазкур ба Форуми об, ки дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад бахшида шудааст. Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки расмҳои беҳтарин дар чорабиниҳои бахшида ба форум истифода мешаванд. Нахустин озмун 15 июл дар лагери «Чайка», воқеъ дар дараи Варзоб баргузор гардид. 19 июл бо иштироки кӯдакони имконияташон маҳдуд дар дараи Ромит, дар лагери «Афсонаи куҳсор» («Горная сказка») ба нақша гирифта шудааст ва расмҳои беҳтарини озмун дар Форуми Осиёи Марказӣ, ки аз 1 то 3 август дар Душанбе баргузор мегардад, ба номоиш гузошта мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






