Парлумон ба куҷо мекӯчад?
Душанбе, 17 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар назар аст, ки дар оянда бинои Парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси Олӣ ба дигар маҳали шаҳр кӯчонида шуда, ин иморат ба яке аз идораҳои давлатӣ дода шавад. Ин матлабро Абдувалӣ Комилов-раиси Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон ироа кард. Роҳбари ниҳоди масъул ба сохтмон ва меъмории кишвар гуфт, ки алҳол таклифҳо дар мавриди иморати Парлумон батағйир мемонад. Мавриди зикр аст, ки бинои Парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси Олӣ дар давоми солҳои 1940-1949 сохта шуда, лоиҳаи он аз рӯи тарҳи меъморон С. Анисимов ва М.Захаров таҳия гардидааст. Ин бино аз лиҳози мавқеи ҷойгиршавиаш ва сохти меъмориву таърихӣ яке аз биноҳои хушнамои Душанбе маҳсуб ёфта, дар хиёбони Рудакӣ, майдони Дӯстӣ ва рӯ ба рӯи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ- нахустин поягузори давлати тоҷикон воқеъ аст. Қаблан дар қаноти чапи ин бино вазорати корҳои хориҷии кишвар қарор дошт, ки он дар остонаи ҷашни Наврӯз, 15 март ба бинои нав, воқеъ дар маҳалли Боғи Парчами миллӣ кӯчонида шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






