Парвандаи нав алайҳи З. Саидов бо гумони таҷовуз ба номус
Душанбе, 19 июл. (АМИТ «Ховар»).-Ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ноболиғ шаҳрванд «А» бо ариза муроҷиат намуд, ки Саидов З.Ш. ба номусӣ ӯ таҷовуз кардааст. Зимни баррасии аризаи мазкур муайян карда шуд, ки Саидов З.Ш., моҳи апрели соли 2008 дар шаҳри Душанбе, дидаю дониста, ки шаҳрванд «А» ноболиғи 14 сола буда, толибаи синфи 7-ум мебошад, бо роҳи фиреб ба як хонаи истиқоматӣ бурда, ӯро ба воситаи нӯшокии мадҳушкунанда беҳуш карда, аз вазъияти оҷизонаи ӯ истифода намуда, ба номусаш таҷовуз мекунад. Ҳамин тавр, Саидов З.Ш. аз сарватмандию дороии худ истифода намуда, ба тақдири минбаъдаи ноболиғ «А» бе эътиноии маҳз зоҳир намуда, аз моҳи апрели соли 2008 то моҳи августи соли 2012 аз вазъияти оҷизонаи ӯ истифода карда, бо роҳи таҳдиди зуроварӣ, мунтазам алоқаи ҷинсӣ карданашро бо ӯ давом медиҳад. Дар давраи солҳои 2008-2012 дар натиҷаи алоқаҳои ҷинсии мунтазами Саидов З.Ш. бо шаҳрванд «А», номбурда се маротиба ҳомиладор мешавад. Саидов З.Ш. бо мақсади он, ки кирдорҳои ҷинояткоронаи ӯ ошкор нагардад, дар ин се ҳолат шаҳрванд «А»-ро барои исқоти ҳамл кардан маҷбур месозад, ки дар натиҷа охирин аз ноилоҷӣ дар ин се ҳолат исқоти ҳамл менамояд. Аз ин ҳолати ногувори шаҳрванд «А» модари ӯ огаҳӣ пайдо карда, бо Саидов З.Ш. вомехурад, ки дар натиҷа Саидов З.Ш. барои гумроҳ намудани модари шаҳрванд «А» ба модари ӯ ваъда медиҳад, ки оид ба ин воқеъа ба касе хабар надиҳад ва худи Саидов З.Ш. духтари ӯро ба занӣ гирифта, шароити зиндагонии ӯро таъмин мекунад ва Саидов З.Ш. ӯро тарсонида таҳдид менамояд, ки дар акси ҳол онҳо нисбат ба ӯ чора андешида наметавонанд ва худро бе обрӯ месозанд. Сипас Саидов З.Ш. бо мақсади он, ки кирдорҳои ғайриқонунии ӯ ошкор нагардад, моҳи августи соли 2012 шаҳрванд «Б»-ро 1300 доллари америкоӣ дода, боз ба ӯ маблағи пулии зиёд ваъда карда, ба издивоҷ кардан бо шаҳрванд «А» моил менамояд ва ба ӯ ваъда медиҳад, ки дар сурати розӣ кунонидани шаҳрванд «А» ва оила барпо карданашон, барои онҳо аз ҳисоби худаш ҳавлии истиқоматӣ харида, туйи домодию арӯсии онҳоро ба дараҷаи олӣ дар беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе мегузаронад. Шаҳрванд «А» аз ин нияти ғаразноки Саидов З.Ш. огаҳӣ пайдо карда, бо сабаби он, ки духтурони генеколог ба ӯ тавсия додаянд, ки баъди барзиёд анҷом додани исқоти ҳамл мумкин аст, ки ӯ безуриёт шавад, бинобар ин, баъди маротибаи чорум ҳомиладор шуданаш аз Саидов З.Ш. пинҳон шуда фарзанд таваллуд мекунад, ки ин фарзанди ӯ ҳоло семоҳа мебошад. Оид ба ҳодисаи мазкур 16 июли соли 2013 нисбат ба Саидов З.Ш. бо моддаҳои 138 қисми 2 банди «д» (таҷовуз ба номуси духтари баръало ноболиғ), 141 қисми 1 (алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синнӣ шонздаҳсолагӣ нарасидааст) ва моддаи 124 (ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, айни замон тафтиши пешакии он идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






