Парвиз Собиров бо медали тилло ба Ватан баргашт

Июль 12, 2013 14:18

Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Варзишгари тоҷик — мураббии дастаи қисми низомии 5453-и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия Парвиз Собиров дар бозиҳои IV осиёгӣ, ки аз 28-уми июн то 6-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Ичхони Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ бо иштироки намояндагони 45 давлати қитъаи Осиё баргузор гардид, дар мусобиқаи гуштини тарзи «Кураш» дар вазни беш аз 90 кг сазовори ҷойи аввал гардида, бо медали тилло ба Ватан баргашт.Тавре ки аз ВКД иттилоъ медиханд, Парвиз Собиров дастпарвари Шӯрои Ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ буда, дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, чандин маротиба парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштааст.

Июль 12, 2013 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд