Пешгирии ҷинояткорӣ дар Шӯрообод
Шӯрообод, 24 июл. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар ноҳияи Шӯрообод таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва суботу оромии ҷомеа, ошкор намудани ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ҷиноятсодиркарда, инчунин пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зери назорати қатъии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад. Бинобар иттилои раиси ноҳия Амирхон Икромов дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи шуъбаи корҳои дохилии ноҳия 41 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо 95, 6 %-ро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз тарафи шуъбаи корҳои дохилӣ бо бурдани корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар байни аҳолӣ ба миқдори 446 кг 140 грамм маводи мухаддир, 4 адад автомат, 8 адад милтиқи шикорӣ ва 3 адад корди ҳарбӣ мусодира шудааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






