Раиси ноҳияи Сино назди вакилон гузориш медиҳад
Душанбе, 11 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум баргузор мегардад, ки дар он маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди соҳаҳои мухталифи пойтахт мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Интизор меравад, ки дар назди вакилони шаҳрӣ прокурори шаҳри Душанбе Саймурод Қодиров доир ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию аҳли ҷамоатчигӣ дар шаҳри Душанбе баҳри таъмини волоияти қонун ҳисобот медиҳад. Ҳамзамон, Зафар Сафаров — Раиси ноҳияи Синои пойтахт доир ба омодагии ин ноҳия ба таҷлили 90-солагии шаҳри Душанбе гузориш хоҳад дод. Вакилони Маҷлиси шаҳрӣ инчунин масоили аз нав номгузории кӯча, хиёбон, майдон ва муассисаҳои таълимиву корхонаву ташкилотҳои Душанберо матраҳ хоҳанд кард.Дар фарҷом интизор меравад, ки як қатор қарорҳои раиси шаҳр тасдиқ гарданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






