Рушди моҳипарварӣ дар Кулоб
Кӯлоб, 24 июл. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Кишоварзони ноҳияи Кӯлоб дар майдони 8 ҳазору 245 гектар кишти зироати асосӣ гузарониданд, ки аз ин 3 ҳазору 725 гектарашро зироати ғалла, пахта, картошка, сабзавот, зироати хӯроки чорво, полезӣ ва дигар зироати истеъмолӣ ташкил медиҳад,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов. Дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 72 млн. 582 ҳазор сомониро ташкил дода, истеҳсолот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 млн. 878 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст. Инчунин зикр гардид, ки барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ноҳияи Кӯлоб 20 хоҷагии моҳипарварӣ таъсис дода шуда, дар майдони 80 га замин ҳавзи моҳипарварӣ бунёд шудааст, ки дар давоми ҳар сол беш аз 50 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол мешавад. Мутаассифона, барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар ноҳия пурра ҳалли худро наёфта, дар ин самт фермаи паррандапарварии Хонаобод, ки имконият дорад аҳолии шаҳру деҳот ва берун аз онро бо тухм ва гӯшти парҳезӣ таъмин намояд, дар айни ҳол фаъол нест.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






