Рустами Эмомалӣ: «Аз Муҳсин Муҳаммадиев умеди зиёд дорем»
Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар»).- Федератсияи футболи Тоҷикистон бо умеди дастовардҳои назарраси дастаи мунтахаби Тоҷикистон вазифаи пурмасъулияти сармураббигии дастаро ба дӯши яке аз футболбозони маъруфи дастаи «Помир»-и Душанбе Муҳсин Муҳаммадиев гузошт. Дар нишасти матбуотие, ки дар меҳмонҳонаи «Hyatt Regency» баргузор гардид, Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ гуфт: «Таъин кардани сармураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз мутахассисини хориҷ аз кишвар барои мо дарсе шуд ва аз ин рӯ таваҷҷӯҳ кардем ба мутахассисони маҳаллӣ, ки мисли мо дилашон ба миллату ватан месӯзад. Мо аз Муҳсин Муҳаммадиев умеди калон дорем».Шартномаи Мӯҳсин Муҳаммадиев бо ФФТ ба мӯхлати се сол баста шудааст. Дар бораи маблағи шартнома ҳарчанд маълумоти муфассал дода нашуд, вале гумон меравад, ки он ҳар ду ҷонибро қаноатманд кардааст. Дар рафти вохӯрӣ бо рӯзноманигорон Мӯҳсин Муҳаммадиев ба суолҳо ҷавоб гуфта, иброз дошт, ки ба ӯ дар тайёр кардани дастаи мунтахаб Олег Ширинбеков( «Истиқлол») ва Рустам Қурбонов (дастаи наврасон) кӯмак хоханд расонд.Ёдрас мешавем, ки то соли 2015 дастаи мунтахаби кишвар бозихои расмӣ надошта, танҳо дар вохӯриҳои дӯстона ширкат менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






