Сабабҳои барканории раиси «Шоҳмансур» дар чист?
Душанбе, 16 июл.(АМИТ Ховар, Марзия Саидова).-Зимни ҷаласаи шаҳрдорӣ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси бозори «Шоҳмансур» Ассомуддин Ризоевро аз вазифа сабукдӯш намуд. Сабаби аз вазифа озод намудани мудири яке аз бозорҳои калонтарини истеъмолии пойтахт риоя нагардидани меъёри нархҳои муқарраргашта нисбати маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи Рамазон арзёбӣ мешавад. Инчунин шаҳрдорӣ дастур додааст, ки дар мавриди аз ҷониби тоҷирону фурӯшандаҳо риоя нагардидани нарҳои муқаррагаштаи маҳсулоти истеъмолӣ онҳо аз истифодаи нуқтаҳои савдо дар бозорҳои пойтахт маҳрум карда шаванд.Ба ниҳодҳои марбута супориш шуда, ки бобати дар моҳи Рамазон таъмин намудани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо гӯшти хушсифат ба соҳибкорон маблағ ҳамчун қарзи бефоиз аз буҷаи шаҳр ҷудо карда шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






