Сабабҳои коҳиши кишти пумбадона кадомҳоянд?
Душанбе, 18 июл. (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- Мувофиқи «Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2014» соли чорӣ дар масоҳати 191333 гектар кишти пумбадона гузаронида шуд, ки 95, 6 фоизи дурнаморо ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 8133 гектар кам мебошад. Сабабҳои кам гардидани майдони кишти пумбадона дар кишварро Суюнхон Рустамов, муовини аввали вазири кишоварзӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон чунин арзёбӣ намуд: «Аз як тараф пастравии нархи фурӯши пахта дар бозори ҷаҳонӣ, дастрас набудани қарзҳои мавсимии имтиёзноки бонкӣ ва болоравии нархи сӯзишвориву қисмҳои эҳтиётии техникаи кишоварзӣ бошад, аз тарафи дигар норасоии оби полезӣ дар мавсими кишт мебошад». Ин дар ҳолест, ки маҳсулоти серфӯруштарин дар Тоҷикистон нахи пахта ба ҳисоб меравад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






