Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон ба поён расид
Душанбе, 7 июл (АМИТ «Ховар»).- Дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин боғи фарҳангу фароғатӣ пас аз навсозӣ, шифохонаи амрози занона ва боз як коргоҳи дӯзандагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароит барои чорабиниҳои фарҳангӣ ва дилхушию фароғати кӯдакону наврасон ва ҳам калонсолон, ки дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ муҳайё гардидааст, дастур дод, ки дар ҳудуди боғ майдони тенниси калон низ бунёд намуда, ҳамчунин олоту асбоби варзиши баданро ҳам васл намоянд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар рафти шиносоӣ бо бинои нави шифохонаи амрози занона, ки ин ҳам аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бунёд ёфтааст ва ҳам боздид аз коргоҳи хусусии дӯзандагӣ супориш дод, ки минбаъд дар маркази ноҳия биноҳои хурди якошёна сохта нашаванд. “Биноҳои маркази ноҳия бояд аз ду ошёна кам набошанд”, — таъкид дошт Сарвари давлат.Соҳибкороне, ки ин коргоҳи дӯзандагиро бо 50 ҷойи корӣ бунёд намудаанд, бо ҳидояти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуданд, ки то моҳи сентябри соли 2014 боз чанд коргоҳи дигар бо 250 ҷойи корӣ сохта, ба кор медароранд.Бо ҳамин сафари серӯзаи кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон ба поён расид.Хотиррсаон бояд намуд, ки тайи ин сафар як зумра корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, иншооти зиёди хизматрасонӣ ва дорои аҳамияти иҷтимоӣ бо ҳазорон ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони се корхонаи бузурги саноатии равғанкашӣ, ресандагӣ ва коркарди меваю сабзавот дар ноҳияҳои Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румӣ бо имкони муҳайё намудани қариб ҳазор ҷойи корӣ оғоз ёфт. Шумораи коргарони корхонаи нассоҷии Ресандаи шаҳри Қурғонтеппа то охири сол аз 650 нафари ҳозира ба 2,5 ҳазор нафар расонда хоҳад шуд. Дар шаҳри Қурғонтеппа нахустин автодроми инноватсионӣ бо навтарини технологияи замони муосир, ки натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ нахустин аст, майдони тенниси калон, дар ноҳияи Бохтар аквапарки замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ноҳияи Вахш мактаб-гимназияи байналмилалии хусусӣ, ки бо харҷи зиёда аз 25 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор гирифт.Зимни ин сафар ба 629 нафар ятимони бе падару модар аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон кумаки моддии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон расонда шуд. Ҳамчунин дар шаҳри Курғонтеппа ва ноҳияҳои Бохтар, Вахш ва Ҷалолиддини Румӣ маъракаҳои хайрияи тӯйи арусии 46 ҷуфти навхонадорон ва 600 кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ба таври дастаҷамъона ороста шуд. Ин амалҳои хайру савоб, ки бо иқдомоти ҷавонмардонаю саховатмандонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи рамазон баргузор гардиданд, барои кулли мардуми сарватманду саховатпеша намунаи ибрату пайравӣ мебошад, зеро хайроту садақот, аз ҷумла дар ин моҳи шарифу муборак бояд маҳз ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ равона гарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид






