Сармоягузории 2 миллиарду 70 миллион сомонӣ барои сохтмон
Душанбе, 17 июл (АМИТ «Ховар», Фотима Қувватова). – Имрӯз нишасти матбуотии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, ки дар он сардори Агентии сохтмон ва меъморӣ Абдувалӣ Комилов ба саволҳои хабарнигорон посух гуфт. Абдували Комилов зикр намуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2013 инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 2 миллиарду 70 миллиону 179 ҳазор сомонӣ истифода шуд. Ҳамчунин дар ин муддат ба масоҳати умумии 301 ҳазору 697 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Моҳҳои январ-июни соли 2013 фондҳои асосӣ ба маблағи 563 миллиону 298 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ 1 миллиарду 828 миллиону 582 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.Айни замон аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Нақшаҳои генералии 30 шаҳру ноҳияҳо таҳия гардида, мавриди амал қарор доранд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






