Сармураббии нави мунтахаби футболи Тоҷикистон муайян шуд
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар»).- Собиқ ҳамлагари маъруфи дастаи «Помир»-и Душанбе Муҳсин Муҳаммадиев ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба фаъолият оғоз мекунад.Ба иттилои Федератсияи футболи кишвар пагоҳ, 2-юми июл дар бинои ФФТ нишасти матбуотӣ доир мегардад ва интизор меравад, ки дар рафти он Муҳсин Муҳаммадиев шартномаи сесолаи худ бо Федератсияи футболи Тоҷикистонро имзо кунад. Муҳсин Муҳаммадиев 21-уми октябри соли 1966-ум таваллуд ёфта, дар ҳайати дастаҳои «Пахтакор»,-и Қурғонтеппа, «Помир»-и Душанбе, «Локомотив» ва «Спартак»-и Москва, ва «Аустрия»-и Австрия бозӣ кардааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






